Сохтмони роҳ дар минтақаи баҳсноки марз мутафаққиф нашуд?

Раиси ҷамоати наздимарзии Ворух Лоиқ Маҳкамов ба ОИ «Азия-Плюс» тасдиқ намуд, ки аз қитъаи роҳи автомобилгарди Кӯктош-Оқсой-Тамдик ба самти Исфара Қирғизистон қисмати зиёди техникаашро берун бурдааст, аммо огаҳ нест, ки оё воқеъан ҳам сохтмони роҳ қатъ шудааст ё кишвари ҳамсоя техникаро ба қитъаи дигари роҳ интиқол дода, корҳоро дар он ҷо идома медиҳад. Дар ҳамин […]

ASIA-Plus


Раиси ҷамоати наздимарзии Ворух Лоиқ Маҳкамов ба ОИ «Азия-Плюс» тасдиқ намуд, ки аз қитъаи роҳи автомобилгарди Кӯктош-Оқсой-Тамдик ба самти Исфара Қирғизистон қисмати зиёди техникаашро берун бурдааст, аммо огаҳ нест, ки оё воқеъан ҳам сохтмони роҳ қатъ шудааст ё кишвари ҳамсоя техникаро ба қитъаи дигари роҳ интиқол дода, корҳоро дар он ҷо идома медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти хабаргузории қирғизии «Кабар» бо истинод ба муовини нахуствазири Қирғизистон Токон Мамитов, Қирғизистон корҳои сохтмони роҳро бар асари муноқишаи мусаллаҳона дар марз мутаваққиф карданӣ нест.

Ба гуфтаи Мамитов, барои сохтмони минбаъдаи роҳ анҷом додани корҳои таркиш дар назар аст. «Мо ба қитъае расидем, ки он ҷо ба кӯмаки булдозеру экскаватор ниёзе нест. Тарконидани харсангҳо зарур аст», – иброз доштаст ӯ.

Муовини нахуствазири кишвари ҳамсоя ҳамчунин қайд кардааст, ки пас аз итмоми сохтмон, ин роҳ барои Қирғизистон ба артерияи нақлиётӣ табдил меёбад. «Аммо Тоҷикистон мухолиф хоҳад буд, зеро ба нафъи онҳост, ки агар шаҳрвандони мо равуо тариқи қаламрави онҳоро таваллову зора кунанд, вале мо равуои озодонаи шаҳрвандонамонро мехоҳем», – изҳор кардааст Мамитов.

ҚАблан иттилоъ дода будем, ки нимаи дуюми рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда Қирғизистон корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди Кӯктош-Оқсой-Тамдик дар минтақаи баҳсноки марз дар самти Исфараро

мутаваққиф сохт

. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» тариқи телефон як сокини деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара Фарҳод Сафаров хабар дода буд.

Ёдрас мекунем, ки дар натиҷаи оғози корҳои сохтмон дар роҳи зикршуда санаи 11-уми январ миёни марзбонони ҳарду кишвар муноқишаи мусаллахона рух дод, ки бар асари он ду марзбони тоҷик ва шаш марзбони кишвари ҳамсоя ҷароҳат бардоштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.