Ба қонун «Дар бораи маориф» тағйирот ворид шуд



Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ вакилон бидуни баррасӣ якдилона тағйироту иловаи пешниҳодшуда ба Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф»-ро дастгирӣ карданд.

Зимни суханронӣ дар назди вакилон оид ба ин масъала вазири маоиф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов изҳор намуд, ки мутобиқи тағйирот, минбаъд роҳбарони шуъба ва раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳия ва вилоятҳоро ҳукумати маҳаллӣ таъин намуда, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тасдиқ мекунанд.

«То имрӯз роҳбарони шуъба ва раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳия ва вилоятҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар таъин карда мешуданд», – гуфт вазир.

Ҳамчунин дар робита ба ин масъала вакили парлумон Нурулло Оқилов чунин изҳор кард: «Сарфи назар аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ таъин шудани роҳбарони шуъбаву раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳия ва вилоятҳо, ин таъинот таври хаттӣ бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мувофиқа карда мешавад».

spot_imgspot_img

Популярное