Ба қонун «Дар бораи маориф» тағйирот ворид шуд

Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ вакилон бидуни баррасӣ якдилона тағйироту иловаи пешниҳодшуда ба Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф»-ро дастгирӣ карданд. Зимни суханронӣ дар назди вакилон оид ба ин масъала вазири маоиф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов изҳор намуд, ки мутобиқи тағйирот, минбаъд роҳбарони шуъба ва раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳия ва вилоятҳоро ҳукумати маҳаллӣ […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ вакилон бидуни баррасӣ якдилона тағйироту иловаи пешниҳодшуда ба Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф»-ро дастгирӣ карданд.

Зимни суханронӣ дар назди вакилон оид ба ин масъала вазири маоиф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов изҳор намуд, ки мутобиқи тағйирот, минбаъд роҳбарони шуъба ва раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳия ва вилоятҳоро ҳукумати маҳаллӣ таъин намуда, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тасдиқ мекунанд.

«То имрӯз роҳбарони шуъба ва раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳия ва вилоятҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар таъин карда мешуданд», – гуфт вазир.

Ҳамчунин дар робита ба ин масъала вакили парлумон Нурулло Оқилов чунин изҳор кард: «Сарфи назар аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ таъин шудани роҳбарони шуъбаву раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳия ва вилоятҳо, ин таъинот таври хаттӣ бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мувофиқа карда мешавад».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.