Боздошти се нафар донишҷӯ ба гумони нашъаҷаллобӣ

Зимни як амалиёти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир чор нафар шаҳрвандони кишвар боздошт шуданд, ки се нафарашон донишҷӯёни мкотиби олии кишвар мебошанд. Тавре аз шуъбаи робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, миёни афроди боздоштшуда донишҷӯи Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистон Муҳиддин Одинаев, ду нафар донишҷӯи Донишкадаи […]

Аваз Юлдошев



Зимни як амалиёти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир чор нафар шаҳрвандони кишвар боздошт шуданд, ки се нафарашон донишҷӯёни мкотиби олии кишвар мебошанд.

Тавре аз шуъбаи робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, миёни афроди боздоштшуда донишҷӯи Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистон Муҳиддин Одинаев, ду нафар донишҷӯи Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ Фирдавс Раззоқов ва Буҳрӯз Давлатов ва ҳамчунин ронадаи таксӣ аз ноҳияи Рӯдакӣ Иброҳим Абдуллозода ҳузур доранд.

«Ҳамаи боздоштшудагон сокинони манотиқи кишвар буда, зимни кофтуков аз онҳо ба миқдори беш аз 2,5 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид», -гуфтанд дар шуъбаи КДАМ ҶТ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.