Таъсиси коллеҷи мусиқӣ дар Қӯрғонтеппа

То ҷашни иди Наврӯз мактаби мусиқии шаҳри Қӯрғонтеппа мавриди истифода қарор мегирад. Бино ба гуфти раиси шаҳри Қурғонтеппа Шарифхон Самиев, то ҷашни иди Наврӯз сохтмони бинои мактаби мусиқии шаҳри Қӯрғонтеппа дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнӣ ба маблағи беш аз 3 млн. сомонӣ ба анҷом мерасад. Дар ҳамин маврид сардори идораи фарҳанги вилояти Хатлон Бурҳон […]

Сайраҳмон Назриев



То ҷашни иди Наврӯз мактаби мусиқии шаҳри Қӯрғонтеппа мавриди истифода қарор мегирад.

Бино ба гуфти раиси шаҳри Қурғонтеппа Шарифхон Самиев, то ҷашни иди Наврӯз сохтмони бинои мактаби мусиқии шаҳри Қӯрғонтеппа дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнӣ ба маблағи беш аз 3 млн. сомонӣ ба анҷом мерасад.

Дар ҳамин маврид сардори идораи фарҳанги вилояти Хатлон Бурҳон Раҷабов изҳор кард, ки баъди ба истифода додани мактаби мусиқии шаҳри Қурғонтеппа тасмим доранд, ки ин мактабро ба коллеҷи мусиқӣ табдил диҳем.

«Мо кайҳо дар андешаи таъсиси як коллеҷи мусиқӣ будем, вале бинои куҳнаи мактаби мусиқӣ ба талаботҳои коллеҷ ҷавобгӯу набуд. Акнун, ки бинои нав сохта мешавад чунин имконият фароҳам омад. Мо аллакай бо вазорати фарҳанги кишвар гуфтушунид кардем ва вазорат моро дар ин самт дастгирӣ мекунад», – илова намуд сардори идораи фарҳанг.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.