Коҳиши ҳаҷми боркашонӣ ба иллати монеъаҳои Ӯзбекистон

Тайи чор соли ахир ҳаҷми боркашонӣ дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» беш аз чор маротиба коҳиш ёфтааст. Зимни нишасти хабарӣ сардори корхона Амонулло Ҳукуматулло дар ин робита изҳор намуд, ки соли гузашта тариқи роҳи оҳан зиёда аз 6,7 млн. тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 1,7 млн. тонна ва дар […]

Пайрав Чоршанбиев



Тайи чор соли ахир ҳаҷми боркашонӣ дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» беш аз чор маротиба коҳиш ёфтааст.

Зимни нишасти хабарӣ сардори корхона Амонулло Ҳукуматулло дар ин робита изҳор намуд, ки соли гузашта тариқи роҳи оҳан зиёда аз 6,7 млн. тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 1,7 млн. тонна ва дар қиёс бо нишондиҳандаи соли 2009 – 7,8 млн. тонна камтар аст.

Ба гуфтаи ӯ, коҳиши ҳаҷми боркашонӣ ба монеъаэҷодкуниҳои гуногун ва сунъии кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон дар ин самт марбут аст. «Ҳамчунин тӯли ин солҳо ҳаҷми боркашонии транзитӣ низ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфта, соли гузашта ҳаҷми он каме бештар аз 1,9 млн. тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 1,6 млн. тонна ва дар қиёс бо нишондиҳандаи соли 2009 – 7,1 млн. тонна камтар аст», – гуфт ӯ.

Сардори корхона зикр кард, ки соли гузашта ҳаҷми боркашонии худӣ нисбат ба соли 2012 ба миқдори 605 ҳазор тонна коҳиш ёфта, соли гузашта ба зиёда аз 4,8 млн. тонна баробар шудаанд. «Нисбат ба соли пешин ҳаҷми ҳамлу нақли содиротӣ дар соли гузашта ба миқдори 77 ҳазор тонна ва ҳамлу нақли воридотӣ – 544 ҳазор тонна кам шуданд», – қайд кард роҳбари корхона.

Гузашта аз ин, ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми ҳамлу нақли мусофирон низ кам мешавад. «Соли 2013 ба ҳудуди 510 ҳазор нафар мусофирон хиизмат расонида шуд, ки дар муқоиса бо соли 2012 қариб 44 ҳазор нафар камтар аст», – афзуд А.Ҳукуматулло.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер