Абдуқодири Абдуқаҳҳор: Бо шаҳрдорӣ ихтилофи назар доштем

Собиқ директори ТВ “Пойтахт” Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар сӯҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, ки ӯ мехост мақоми ин шабакаро ба сатҳи байналмиллалӣ бардорад, аммо бо раиси шаҳри Душанбе ихтилофи назар пайдо шуд. “Ҳадафи ман ин буд, ки телевизиони “Пойтахт” танҳо ба мушкилоти шаҳри Душанбе маҳдуд нашавад. Аз як шаҳри Маскав 33 шабака дар моҳвора ҳаст. Телевизиони […]

Исфандиёр Халилов


Собиқ директори ТВ “Пойтахт” Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар сӯҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, ки ӯ мехост мақоми ин шабакаро ба сатҳи байналмиллалӣ бардорад, аммо бо раиси шаҳри Душанбе ихтилофи назар пайдо шуд.

“Ҳадафи ман ин буд, ки телевизиони “Пойтахт” танҳо ба мушкилоти шаҳри Душанбе маҳдуд нашавад. Аз як шаҳри Маскав 33 шабака дар моҳвора ҳаст. Телевизиони шаҳр на танҳо бояд барои шаҳриён бошад. Чаро дар минтақаҳои Рашту Бадахшону Суғду Хатлон дар бораи ҳаёти мардуми шаҳр воқиф набошанд? Рӯйдодҳои набзи пойтахт барои онҳо инъикос нашавад? Ман мехостам ТВ “Пойтахт” мақоми ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ дошта бошад. Муассис розӣ набуд”, – гуфт Абдуқодири Абдуқаҳҳор.

Ба қавли ӯ, дар оинномаи қаблӣ дар бораи соҳавӣ будани ТВ “Пойтахт” шарт гузошта нашуда буд. Вале дар оинномае, ки тақрибан 5-6 моҳ қабл ҳайати таҳририя бо супориши шаҳрдорӣ бо тағйироти нав кабул карданд, дар ҳақиқат фаъолияти шабака маҳдуд шуда, аллакай сирф шаҳрӣ гашта буд.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор мегӯяд, ӯ дар заминаи пирузӣ ба даст овардан дар як озмун аз миёни 18 нафар ба ТВ “Пойтахт” омада буд. Он замон вай консепсияе пешниҳод кард, ки аз 13 бахш иборат буд, ки мувофиқи он, дар ТВ “Пойтахт” комилан ислоҳот ворид гардида, он ба 5 – умин шабакаи миллӣ табдил меёфт ва моҳвораӣ мегардид.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор бо ишора ба ин ки дар бисёр пойтахти давлатҳо 20-30 шабакаҳои телевизионӣ дар моҳвора ҳаст, аз ҷумла афзуд:

“Ман мехостам, ки ТВ “Пойтахт” аз диди Тоҷикистон телевизиони моҳвораӣ бошад, ки аз рӯзгор ва осори мардуми шаҳр намоиш диҳад. Вале шаҳрдорӣ мехост, ки як телевизиони сирф шаҳрӣ бошад, танҳо ба мушкилоту проблемаҳои роҳ, нақлиёт, ба саҳаҳои дигари шаҳри Душанбе сару кор бигираду ба барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ ва токшоу камтар аҳамият диҳад. Мову шумо хуб медонем, ки телевизион бозор шудааст. Телевизиони асри 21 аз асри гузашта бо он фарқ мекунад, ки шиораш иттилоот, фароғат ва маънавиёт аст. Дар асри 20 як шабака доштем ва ҳар чӣ намоиш дода мешуд, мардум тамошо мекард, чун интихоб надошт. Вале дар асри 21 ҳар телевизионе, ки ба бозор ворид шуда наметавонад ва маҳсулоти худро бо сифати боло пешниҳод намекунад, албатта, харидор пайдо нахоҳад кард”.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор гуфт: “Вақте дидам, ин ҳадафҳоям амалӣ шуданаш душвор аст, истеъфо додам. Чун дигар имкон надошт, ки консепсияи пешгирифтаи ман амалӣ шавад. Ман мехостам телевизион байналмиллалӣ шавад. Муносибати мо бо шаҳрдорӣ сард нашуда буд, вале ихтилофи назар доштем”.

Дар масъалаи идомаи таҳияи барномаҳо дар ТВ “Пойтахт” муовини директор Наргис Раҳматшоева гуфт, ки формат иваз нашудааст. Тавре тайи як сол аз рӯйи формати иттилоотӣ, фарҳангӣ ва фароғатӣ телевизион кор мекард, ҳамон гуна идома хоҳад кард. Ба қавли Н. Раҳматшоева, бо супориши раиси шаҳри Душанбе танҳо мушкилоти шаҳрдорӣ инъикос мегардад ва ҳамчунин мавзӯъҳои муҳими ҷумҳуриявӣ баррасӣ мешаванд.

Вай гуфт, ки сабаби истеъфои директори собиқро намедонад, зеро аз ҷузъиёти сӯҳбати ӯ бо раиси шаҳр огоҳ нест. Аммо қайд кард, ки Абдуқодири Абдуқаҳҳор таҷрибаи 18-солаи корӣ дар соҳаи сиёсати телевизионро дорад ва аз соҳаи худ дур намеравад. Ҳамчунин Н. Раҳматшоева гуфт, ки роҳбарияти кишвар намегузоранд, ки чунин мутахассиси хуб равад.

Ба қавли муовини директор, тими собиқ директори ТВ “Пойтахт” бо директори нав Шаҳло Мӯсоева кор мекунанд ва ӯ идеяҳои хубе дорад, ки кормандонро ҳавасманд созад. “Ягон нафар корманди ТВ Пойтахт баъди истеъфои Абдуқодири Абдуқаҳҳор барои аз кор рафтан расман ариза надодааст”- , қайд кард ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер