Хатлон: Се ҳодисаи одамрабоӣ дар соли гузашта



Соли 2013 дар вилояти Хатлон се ҳодисаи одамрабоӣ ба қайд гирифта шуд, ки ду ҳодиса ошкор ва як ҳолати дигар зери назорат қарор дорад.

Бино ба гуфти муовини аввали сардори РВКД дар вилояти Хатлон Толиб Назаров, дар ноҳияи Ёвон донишҷӯи курси сеюми омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе Фирӯза Халимова ба гумони рабудани фарзанди ноболиғи сокини ноҳияи Ёвон Қурбонова Азиза дастгир шуда, кӯдак ба модараш баргардонида шуд ва  Фируза Ҳалимова ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

«Як ҳолати дигари одамрабоӣ дар ноҳияи Қубодиён ошкор карда шуда, зане, ки кӯдакро рабуда буд, аз тарафи суди ноҳия ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд», – иброз дошт Т. Назаров.

Ба қавли ӯ, ҳолати дигаре, ки то ба имрӯз нокушода боқӣ мондааст, ба ҳодисаи аз ҷониби гуруҳи силоҳбадастони афғон иборат аз 6 нафар рабуда шудани сокини ин ноҳия Бекмат Баротов рабт дорад, ки баъдан аз падараш тариқи телефон 20 ҳазор доллари амрикоӣ талаб мекунанд. «Оид ба ин ҳодиса дар раёсати амнияти миллии минтақаи Кӯлоб парванда оғоз гардида, он  зери назорат аст»,- гуфт муовини сардори РВКД.

Зимнан зикр гардид, ки дар соли 2013 дар вилояти Хатлон дар маҷмуъ 3725 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2012 652 ҳолат зиёд буда, фоизи кушодашавии ҷиноят 91,1%-ро ташкил медиҳад.

spot_imgspot_img

Популярное