Ҳунарнамоии футболбози тоҷик дар Озарбойҷон

Ҳамлагари 25-солаи дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Аҳтам Ҳамроқулов, ки се мавсими ахир дар тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ҳунарнамоӣ дошт, минбаъд дар чемпионати футболи Озарбойҷон, дар сафи дастаи АЗАЛ-и Боку бозӣ хоҳад кард. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбози тоҷик бо дастаи АЗАЛ ба муҳлати 2 сол қарордод ба имзо расонидааст. Дар ин даста ӯ таҳти […]

ASIA-Plus



Ҳамлагари 25-солаи дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Аҳтам Ҳамроқулов, ки се мавсими ахир дар тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ҳунарнамоӣ дошт, минбаъд дар чемпионати футболи Озарбойҷон, дар сафи дастаи АЗАЛ-и Боку бозӣ хоҳад кард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбози тоҷик бо дастаи АЗАЛ ба муҳлати 2 сол қарордод ба имзо расонидааст. Дар ин даста ӯ таҳти рақами 22 ҳунарнамоӣ мекунад.

 Ба гуфтаи футболбоз, аз 10-уми январ ӯ дар давраи санҷишӣ дар ин даста қарор дошта, дар 5 бозии санҷишии даста ширкат варзидааст. Ҳамоқулов дар яке аз ин бозиҳо се тӯб ва дар бозии дигар ду тӯбро ба ҳадаф расонидааст.

Қобили зикр аст, ки дар чемпионати футболи Озарбойҷон 10 даста ширкат варзида, мусобиқот дар 4 давр сурат мегиранд. Айни замон дастаи АЗАЛ дар мақоми 7-уми ҷадвали ин чемпионат қарор дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.