Даъвати Тоҷикистон ба намоишгоҳи EXPO-2017

Чанде қабл дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Агибой Смагулов масоили ҷалби доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар ба фаъолияти муштарак дар бахшҳои гуногуни иқтисод, баргузори ҳамишҳои муштараки тоҷирон ва тақвияти тадбирҳо дар самти амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи соҳибкории хурду миёна баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои хадамоти […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Агибой Смагулов масоили ҷалби доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар ба фаъолияти муштарак дар бахшҳои гуногуни иқтисод, баргузори ҳамишҳои муштараки тоҷирон ва тақвияти тадбирҳо дар самти амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи соҳибкории хурду миёна баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои аз Тоҷикистон ба Қазоқистон содир кардани сабзавоту мева, асал ва хушкмева ва аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид намудани таҷҳизоту техника ва технологияи муосир, тухмии хушсифат ва баргузории намоишгоҳу ярмаркаҳо табодули назар намуданд.

Сафир ба Шариф Саид дар бораи ҷараёни омодагии кишвараш ба Намоишгоҳи умумиҷаҳонии EXPO-2017 дар Остона таҳти унвони «Энергияи оянда» маълумот дода, Тоҷикистонро ба иштирок дар ин чорабинии бузург даъват кард.

Диплломати қазоқ ҳамчунин ба зарурати ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбеву Остона таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ин робита зикр кард, ки ин иқдом ба тақвияти ҳамкориҳо миёни доираҳои корӣ ва тиҷоратии кишварҳо мусоидат мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.