Ҳукумат боз тағйирот дар буҷети давлатиро дархост дорад

Бо пешниҳоди ҳукумат Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ имрӯз ба нишондиҳандаҳои буҷети давлатии соли 22014 тағийроти навбатӣ ворид мекунад. Узви Кумита оид ба молия ва буҷети палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин дафъа ҳукумат дархост кардааст, ки воридоти бланкаҳои шиносномаҳои биометрӣ ва кортҳои идентификатсионӣ (корти шиносоӣ, […]

Аваз Юлдошев



Бо пешниҳоди ҳукумат Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ имрӯз ба нишондиҳандаҳои буҷети давлатии соли 22014 тағийроти навбатӣ ворид мекунад.

Узви Кумита оид ба молия ва буҷети палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин дафъа ҳукумат дархост кардааст, ки воридоти бланкаҳои шиносномаҳои биометрӣ ва кортҳои идентификатсионӣ (корти шиносоӣ, IDcard) ва ҳамчунин таҷҳизот барои пур кардани онҳо, ки воридоти онҳо аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ сурат мегирад, аз андоз аз арзиши изофа ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд.

«Пешниҳоди худро ҳукумат бо он асоснок мекунад, ки дар сурати аз пардохти андоз аз арзиши изофа ва боҷи гумрукӣ озод шудани воридоти бланкаҳо ва кортҳо бо теъдоди умумии 600 ҳазор дона, нархи онҳо коҳиш меёбад», – зикр кард Талбаков.

Ба қавли ӯ, аз пардохти андоз аз арзиши изофа ва боҷи гумрукӣ озод шудани воридоти бланкаҳо ва кортҳо ба буҷети давлатӣ дар ҳаҷми умумии 18 млн. 825 ҳазор сомонӣ маблағи даромад ворид намешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.