Хатлон: Се ҳодисаи одамрабоӣ дар соли гузашта

Соли 2013 дар вилояти Хатлон се ҳодисаи одамрабоӣ ба қайд гирифта шуд, ки ду ҳодиса ошкор ва як ҳолати дигар зери назорат қарор дорад. Бино ба гуфти муовини аввали сардори РВКД дар вилояти Хатлон Толиб Назаров, дар ноҳияи Ёвон донишҷӯи курси сеюми омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе Фирӯза Халимова ба гумони рабудани фарзанди ноболиғи сокини ноҳияи […]

Сайраҳмон Назриев



Соли 2013 дар вилояти Хатлон се ҳодисаи одамрабоӣ ба қайд гирифта шуд, ки ду ҳодиса ошкор ва як ҳолати дигар зери назорат қарор дорад.

Бино ба гуфти муовини аввали сардори РВКД дар вилояти Хатлон Толиб Назаров, дар ноҳияи Ёвон донишҷӯи курси сеюми омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе Фирӯза Халимова ба гумони рабудани фарзанди ноболиғи сокини ноҳияи Ёвон Қурбонова Азиза дастгир шуда, кӯдак ба модараш баргардонида шуд ва  Фируза Ҳалимова ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

«Як ҳолати дигари одамрабоӣ дар ноҳияи Қубодиён ошкор карда шуда, зане, ки кӯдакро рабуда буд, аз тарафи суди ноҳия ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд», – иброз дошт Т. Назаров.

Ба қавли ӯ, ҳолати дигаре, ки то ба имрӯз нокушода боқӣ мондааст, ба ҳодисаи аз ҷониби гуруҳи силоҳбадастони афғон иборат аз 6 нафар рабуда шудани сокини ин ноҳия Бекмат Баротов рабт дорад, ки баъдан аз падараш тариқи телефон 20 ҳазор доллари амрикоӣ талаб мекунанд. «Оид ба ин ҳодиса дар раёсати амнияти миллии минтақаи Кӯлоб парванда оғоз гардида, он  зери назорат аст»,- гуфт муовини сардори РВКД.

Зимнан зикр гардид, ки дар соли 2013 дар вилояти Хатлон дар маҷмуъ 3725 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2012 652 ҳолат зиёд буда, фоизи кушодашавии ҷиноят 91,1%-ро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.