Рӯзи 31-уми январ дар палатаи поёнии парлумон доир ба «Барномаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд.
Дар муҳокимаҳо, ки бо ташаббуси Кумитаи маориф, илм, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони МНМО ҶТ сурат гирифтанд, ба ҷуз вакилон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар низ ширкат варзиданд.
Зимни суханронӣ доир ба ин масъала раиси Кумитаи маориф, илм, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони МНМО ҶТ, вакил Лутфулло Саидмуродов зикр кард, ки корҳои омодагӣ ба муҳокима ҳанӯз моҳи майи соли гузашта оғоз гардида, ба масоили маблағгузорӣ ба омода кардани кадрҳои илмӣ аз ҷониби буҷети давлатӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шуд.
«Мутобиқи нақшаи дурнамои Барнома, дар давраи аз соли 2009 то соли 2015 бояд дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии ҷумҳурӣ 1779 нафар номзадҳои илм ва 256 нафар докторҳои илм аз рӯи ихтисосҳои муайяншуда тайёр карда шаванд», – изҳор кард Саидмуродов.
Зимни ибрози андеша оид ба масъалаи мазкур иштирокчиёни муҳокимаи парлумонӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилоти маблағгузорӣ ба ин соҳа ва омода кардани кадрҳои илмӣ дар бахшҳои технологияҳои навтарин ва илмҳои дақиқ ҷалб намуданд.



