Баррасии масоили омода кардани кадрҳои илмӣ дар парлумон

Рӯзи 31-уми январ дар палатаи поёнии парлумон доир ба «Барномаи  тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд. Дар муҳокимаҳо, ки бо ташаббуси Кумитаи маориф, илм, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони МНМО ҶТ сурат гирифтанд, ба ҷуз вакилон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар низ ширкат варзиданд. Зимни суханронӣ доир ба […]

ASIA-Plus



Рӯзи 31-уми январ дар палатаи поёнии парлумон доир ба «Барномаи  тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд.

Дар муҳокимаҳо, ки бо ташаббуси Кумитаи маориф, илм, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони МНМО ҶТ сурат гирифтанд, ба ҷуз вакилон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар низ ширкат варзиданд.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала раиси Кумитаи маориф, илм, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони МНМО ҶТ, вакил Лутфулло Саидмуродов зикр кард, ки корҳои омодагӣ ба муҳокима ҳанӯз моҳи майи соли гузашта оғоз гардида, ба масоили маблағгузорӣ ба омода кардани кадрҳои илмӣ аз ҷониби буҷети давлатӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шуд.

«Мутобиқи нақшаи дурнамои Барнома, дар давраи аз соли 2009 то соли 2015 бояд дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии ҷумҳурӣ 1779 нафар номзадҳои илм ва 256 нафар докторҳои илм аз рӯи ихтисосҳои муайяншуда тайёр карда шаванд», – изҳор кард Саидмуродов.

Зимни ибрози андеша оид ба масъалаи мазкур иштирокчиёни муҳокимаи парлумонӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилоти маблағгузорӣ ба ин соҳа ва омода кардани кадрҳои илмӣ дар бахшҳои технологияҳои навтарин ва илмҳои дақиқ ҷалб намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.