Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар ВМКБ се амалиёти муваффақона доир намуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 57 кило маводи нашъаоварро мусодира намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, зимни амалиёти якум дар ноҳияи Шуғнон бо қочоқчиёни афғон задухӯрди мусаллахона сурат гирифта, бо истифода аз торикии шаб қочоқчиён ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурдаанд ва дар ҷойи ҳодиса 32 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт шудааст.
«Дар амалиёти дигар дар қаламрави ноҳияи Рӯшон марзбонон як шаҳрванди Афғонистонро боздошт ва аз ҷойи ҳодиса 11 кило ҳашиш, таппончаи Макаров ва воситаи шинокуниро дарёфт ва мусодира карданд», – гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни амалиёти сеюм боз дар ноҳияи Шуғнон қочоқчиён рӯ ба гурез оварда, аз ҷойи ҳодиса 13,5 кило маводи мухаддирро дарёфт шудааст.



