Собиқ директори ТВ «Пойтахт» сардори Раёсати фарҳанги шаҳрдорӣ таъин шуд

Собиқ директори шабакаи телевизиони «Пойтахт» Абдуқодири Абдуқаҳҳор сардори Раёсати фарҳанги мақомоти шаҳрдории Душанбе таъин карда шуд. Собиқ сардори ин Раёсат Шаҳло Мӯсоева директори шабакаи телевезиони «Пойтахт» таъин шуда, Абдуқодири Абдуқаҳҳор, ки чанд рӯз қабл ба истеъфо рафта буд,  ба ин вазифа таъин гардид. Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки мансаби […]

ASIA-Plus



Собиқ директори шабакаи телевизиони «Пойтахт» Абдуқодири Абдуқаҳҳор сардори Раёсати фарҳанги мақомоти шаҳрдории Душанбе таъин карда шуд. Собиқ сардори ин Раёсат Шаҳло Мӯсоева директори шабакаи телевезиони «Пойтахт» таъин шуда, Абдуқодири Абдуқаҳҳор, ки чанд рӯз қабл ба истеъфо рафта буд,  ба ин вазифа таъин гардид.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки мансаби нав низ масъулияти зиёд тақозо дошта, ба ҳар ҳол, ӯ аз андешаи амалӣ сохтани орзуяш – таъсиси шабакаи телевизионӣ тибқи консепсияи дар телевизиони «Пойтахт» доштааш даст намекашад.

«Албатта, ҳозир ман ба фаъолият дар Раёсати фарҳанги пойтахт шурӯъ мекунам. Дар пеш таҷлили ҷашни 90-солагии пойтахт ба нақша гирифта шуда, ман кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки фарҳангшиносони беҳтаринро атрофи худ муттаҳид сохта, ҷашнро бо тарзи комилан тоза барпо кунам», – иброз дошт ӯ.

Номбурда бори дигар ба масъалаи таъсиси шабакаи телевизионӣ бо консепсияи нав дахл карда, таъкид дошт, ки ахиран аз ҷониби шахсони алоҳида оид ба амалисозии ин тарҳҳо кумаки молиявӣ пешниҳод шудааст. «Агар шабакаи нав таъсис дода шавад, дар ин ҳолат он ҷамъиятӣ ё хусусӣ хоҳад буд», – афзуд А.Абдуқаҳҳор.

Ёдрас мекунем, ки қаблан дар робита ба масъалаи истеъфояш аз мансаби директори ТВ «Пойтахт» А.Абдуқаҳҳор изҳор намуда буд, ки ӯ мехост мақоми ин шабакаро ба сатҳи байналмиллалӣ бардорад, аммо бо раиси шаҳри Душанбе

ихтилофи назар

пайдо шуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.