Волидайни маҳбусони муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе гуруснанишинӣ эълон мекунанд

Волидайни маҳбусони муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе 1-уми феврали соли ҷорӣ соати 10:00 ба гуруснанишинӣ оғоз мекунанд. Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» Зулайхо Ҷӯраева, модари Ҳамза Икромзода (эҳтимолан дар натиҷаи шиканҷа дар маҳбас фавтидааст) иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, гуруснанишинӣ аз ҷониби волидайни маҳбусон ба хотири аз тавқифгоҳи ҷаримавӣ озод гардидани Давлатёр Курбонов – […]

Мавзуна Абдуллоева


Волидайни маҳбусони муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе 1-уми феврали соли ҷорӣ соати 10:00 ба гуруснанишинӣ оғоз мекунанд.

Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» Зулайхо Ҷӯраева, модари Ҳамза Икромзода (эҳтимолан дар натиҷаи шиканҷа дар маҳбас фавтидааст) иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, гуруснанишинӣ аз ҷониби волидайни маҳбусон ба хотири аз тавқифгоҳи ҷаримавӣ озод гардидани Давлатёр Курбонов – яке аз шоҳидони қазияи Ҳамза Икромзода баргузор мешавад.

«Давлатёр Қурбоновро барои шоҳидӣ доданаш оид ба таҳти шиканҷа қарор ёфтани фарзанди ман 13 рӯз мешавад, ки дар тавқифгоҳи ҷаримавии муассисаи ислоҳии №1-и пойтахт нигоҳ медоранд. Ин тавқифгоҳ асосан маконест, ки дар он ҷо маҳбусонро таҳти фишор ва латту кӯб қарор медиҳанд. Ба ин восита кормандони маҳбасхона талаб доранд, ки Давлатёр Қурбонов аз додани шоҳидӣ дар қазияи Ҳамза Икромзода даст кашад. Ба ҳамин хотир ба нишони эътироз тамоми падару модарони маҳбусон фардо гуруснанишинӣ эълон мекунем ва то Қурбонов аз ин тавқифгоҳ озод нагардад, мо аз пеши маҳбасхонаи №1 дур намешавем», – гуфт Зулайхо Ҷӯраева.

Ба иттилои ӯ, пагоҳ беш аз 10 нафар дар назди муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе ҷамъ меоянд ва имкон дорад, ки дар гуруснанишинӣ на танҳо волидайни маҳбусони ин муассиса, балки дигар маҳбасҳои пойтахт ҳам ширкат варзанд.


Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор, рӯзи 20-уми сентябри соли 2012 дар маҳбаси №1 шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.