Ба Қирғизистон пешниҳод шудани муттаҳид сохтани Оқ-Сойу Ворух

Бо шарти аз ҷониби Қирғизистон эътироф гардидани роҳи автомобилгарди пайвасткунандаи Исфара бо ҷамоати тоҷикии Воруху деҳаи Хоҷаи Аъло, Тоҷикистон ба сохтмони роҳи мошингарди Кӯктош-Оқсой-Тамдик, ки қиъаҳои баҳсноки марзро убур мекунад, ба кишвари ҳамсоя розигӣ медиҳад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод. Бино ба гуфтаи манбаъ, агар ин масъала […]

Аваз Юлдошев



Бо шарти аз ҷониби Қирғизистон эътироф гардидани роҳи автомобилгарди пайвасткунандаи Исфара бо ҷамоати тоҷикии Воруху деҳаи Хоҷаи Аъло, Тоҷикистон ба сохтмони роҳи мошингарди Кӯктош-Оқсой-Тамдик, ки қиъаҳои баҳсноки марзро убур мекунад, ба кишвари ҳамсоя розигӣ медиҳад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба гуфтаи манбаъ, агар ин масъала бо пазируфтани пешниҳоди мазкури Тоҷикистон ҳал шавад, маҳаллаҳои тоҷикнишини Ворух ва Хоҷаи Аъло дигар ҷазирақаламрав намешаванд. «Агар ин пешниҳод аз ҷониби кишвари ҳамсоя пазируфта шавад, ба ҳалли мушкилоти зиёди мавҷуда дар қитъаҳои баҳскноки марзи давлатӣ мусоидат мекунад», – зикр кард манбаъ.

Манбаъ ҳамчунин гуфт, маълумоти имрӯз аз ҷониби ВАО-и қирғиз интишоршуда дар бораи он, ки дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек Тоҷикистон ба идомаи сохтмони роҳи мошингарди Кӯктош-Оқ-Сой-Тамдик розӣ шудааст, аз эҳтимол дур аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.