Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси ин мақоми олии қонунгузор Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима карданд.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов, Созишномаи мазкурро Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хайринисо Юсуфӣ баррасӣ намуда, иброз намуд, ки Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва шаҳрвандони Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 октябри соли 2004 ба имзо расида буд, ки он аз 19 модда иборат мебошад.
Лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва шаҳрвандони Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004, 29 октябри соли 2013 дар шаҳри Москва ба имзо расид.
Дар асоси Протоколи мазкур ба банди 2 моддаи 4 Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва шаҳрвандони Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004, тағйирот ворид гардида, рухсатнома барои кор ба корманд, ба мӯҳлати амали шартномаи меҳнатӣ на зиёда аз 3 сол дода мешавад.
Ҳуҷҷати мазкур гирифтани ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки иҷозатномаи кориро ҳангоми фаъолияти корӣ дар қаламрави кишвари қабулкунанда ба муҳлати 3 сол бе гузаштани сарҳади кишвари қабулкунанда дастрас кунанд.
Созишномаи мазкур барои танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ заминаи боэътимод буда, имкониятҳои мусоидро барои муҳоҷирони меҳнатӣ фароҳам меоварад.
Раисони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон Маҳмадшариф Ҳақдодов, Хайринисо Юсуфӣ, Олимҷон Салимзода ва дигар аъзои Шӯро роҷеъ ба мавзӯъҳои рӯзнома фикру андешаҳои худро баён дошта, қабули санадҳои мазкурро барои рушди арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат муҳим арзёбӣ карданд.



