А.Ҳукуматулло бидуни интизории моҳи май ба нафақа баромад



Бинобар сабаби ба нафақа баромадан вобаста ба вазъи солимӣ роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло аз вазифааш озод карда шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали корхонаи мазкур Владимир Собкалов хабар дод.

Асад Зойиров, собиқ сардори корхонаи зертобеъи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» – «Роҳсоз» ба ҷойи Амонулло Ҳукуматулло сардори корхона таъин шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон дар робита ба изҳороти сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло

нигаронии шадид

изҳор намуда буд.

Тайи солҳои ахир нисбати КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва оилаи сардори он дар расонаҳо хабарҳои пурсарусадо мунташир гардиданд, ки ба ошкор шудани миқдори зиёди маводи мухаддир дар вагонҳои қатораҳои ин идора, шароитҳои ғайрисанитарӣ дар қатораҳо, рух додани садамаи нақлиёт бо иштироки писари сардори корхона ва мурофиаҳои судии писари калонии сардори корхона – Рустам Ҳукумов бо рӯзномаи «ИмрӯзNews» марбут буданд.

Дар нишасти хабарии ахир Амонулло Ҳукуматулло аз журналистон дархост карда буд, ки ӯро осуда гузоранд ва имкон диҳанд, ки то моҳи май кор карда, оромона ба нафақа равад.

spot_imgspot_img

Популярное