Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Cафорати Покистон дар Тоҷикистон ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйии «Рӯзи Кашмир»-ро таҷлил мекунад. Оғози чорабинӣ ба ин муносибат соати 11:00; – Нишастҳои хабарии ҷамъбасти соли 2013 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ (оғоз соати 11:00), Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ (оғоз соати 14:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ) ва ширкати […]



Анонс


– Cафорати Покистон дар Тоҷикистон ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйии «Рӯзи Кашмир»-ро таҷлил мекунад. Оғози чорабинӣ ба ин муносибат соати 11:00;

– Нишастҳои хабарии ҷамъбасти соли 2013 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ (оғоз соати 11:00), Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ (оғоз соати 14:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ) ва ширкати «Барқи тоҷик» (оғоз соати 16:00).



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.8004

сомонӣ;


1

евро

– 6.4855

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.13


88



сомонӣ.  



Як рӯзи таърих




1947

– Фармони Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон дар бораи таъсиси унвони фахрии «Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон» ба чоп расид.


2003

— Дар Хоруғ консулгарии Афғонистон расман ба фаъолият шурӯъ кард.


2011

– Дар меҳмонхонаи шаҳри Хуҷанд бо сабабҳои номаълуму ошкорнашуда сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД Тоҷикистон Сайдулло Пиров ҳалок шуд.


2013

— Дар таваллудхонаи №3-и шаҳри Душанбе шаҳрванди 8-ҳаштмиллёнаи Тоҷикистон ба дунё омад. Духтарча Сумайя ном дошта, фарзанди аввалини оилаи Раҳмоналӣ Раҳмонови 37-сола ва Майсара Шарифоваи 33-сола мебошад.


1939

– Зодрӯзи доктори улуми фалсафа Султон Наврӯзов.


1950

– Мавлуди доктори улуми кимиё Ҳайдар Сафиев.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4-9, рӯзона -1-6, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -2-7.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -6-11, рӯзона -3-8, дар доманакӯҳҳо шабона -9-14, рӯзона -4-9.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -8-13, рӯзона -2-7, дар доманакӯҳҳо шабона -14-19, рӯзона -6-11.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -5-10, рӯзона -3-8;  дар шарқи вилоят шабона -16-21, рӯзона -4-9.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -14-16, рӯзона -2-4.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона -12-14, рӯзона -8-10.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад. 

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона -1+1.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.   

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона 0+2.  


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.   

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона -3-5.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.