То соати 5:00 субҳи имрӯз дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) ба 25 рейс, аз ҷумла 11 рейсҳои ба таъхирафтода ва 14 рейсҳои дар ҷадвали парвозҳо нишондодашуда хизматрасонӣ карда шуд.
Тавре сухангӯи ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, дар қатори хизматрасониҳои муқаррарӣ, ҳамаи ҳавопаймоҳое, ки ба парвоз омода карда шуданд, бо моеи зидди яхбандӣ коркард шуданд.
Зимнан зикр гардид, ки то ин соат фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба ҳолати муқаррарии фаъолият баргашта, кормандони бахши хоҷагӣ ба рубучин ва тартиб овардани толорҳо машғуланд.
Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар фурудгоҳи пойтахт ҷамъшавии хеле зиёди мусофирон ба мушоҳида мерасид, ки аксарашон беш аз як шабонарӯз парвози ҳавопаймоҳоро интизорӣ доштанд.
Яке аз мусофирони хатсайри ҳавоии Душанбе – Санкт-Петербурги ширкати «Сомон Эйр», ки аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба Душанбе омада буд, аз он шикоят кард, ки ба мусофирон вазъро шарҳ намедиҳанд. «Ман сокини Душанбе нестам ва аллакай муддати зиёда аз 1 шабонарӯз парвози ҳавопаймои хатсайрамро интизорӣ дорам. Ширкати ҳавопаймоӣ моро бо ҷойи хобу ғизо таъмин накард. Мо шабро дар фурудгоҳ рӯз кардем. Чӣ тавре ки мебинед, ин ҷо кӯдакон ҳам ҳузур доранд», – иброз дошт мусофир.
Ҳавопаймоҳое, ки бояд ба Душанбе фуруд меомаданд, дар майдонҳои ҳавоии шаҳрҳои Хуҷанд, Самарқанд ва Тошканд фуруд омаданд.
Дар ҳамин ҳол, фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ҳамоно баста боқӣ мемонад. Ба ОИ «Азия-Плюс» аз маъмурияти фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб дар ин робита иттилоъ доданд, ки айни замон парвози ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии «Уралские авиалинии», «Сибир» ва «Ист Эйр» бо се хатсайр ба таъхир афтодааст.
«Шумори мусофирон дар маҷмӯъ 300 нафарро ташкил дода, сокинони шаҳри Кӯлоб ба хонаҳояшон фиристода шуданд ва сокинони ноҳияҳои дигар бо макони зист дар меҳмонхонаҳо ва ғизо таъмин карда мешаванд. Умедворем, ки то ахири рӯз корҳои тозакунии хатти парвоз аз барфро ба итмом расонида, фаъолияти фурудгоҳро бо реҷаи муқаррарӣ таъмин месозем»,- гуфтанд дар фурудгоҳи Кӯлоб.



