Ифтитоҳи гузаргоҳи гумрукӣ дар МОИ «Панҷ»

Дар минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Панҷ» гузаргоҳи нави гумрукӣ ба истифода дода шуд, ки дар мавзеи Қарадуми ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон воқеъ аст. Дар маросими ифтитоҳи гузаргоҳи мазкур вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода, мақомоти раҳбарии Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ ва намояндагони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ иштирок карданд. Бино ба иттилои […]



Дар минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Панҷ» гузаргоҳи нави гумрукӣ ба истифода дода шуд, ки дар мавзеи Қарадуми ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон воқеъ аст.

Дар маросими ифтитоҳи гузаргоҳи мазкур вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода, мақомоти раҳбарии Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ ва намояндагони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ иштирок карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, ин гузаргоҳ дар зарфи 6 моҳ бо маблағи беш аз 303 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, бо ба фаъолият шуруъ намудани он, техникаву таҷҳизоте, ки махсус барои инҷо ворид мешавад ва содироти молҳое, ки дар минтақаи мазкур истеҳсол мешаванд, таҳти назорат қарор мегирад.

Гуфта мешавад, гузаргоҳи гумрукӣ дорои шароити хуби корӣ буда, пас аз обёрии заминҳо ва кашидани хатти барқ ин иқдоми навбатӣ барои ҷалби сармоягузорон мусоидати фаъол хоҳад кард.

Қобили тазаккур аст, ки Акнун МОИ «Панҷ» расман дорои гузаргоҳи гумрукӣ гардида, айни замон дар он 9 ширкат сабти ном шудаву корҳои бунёдӣ дар онҳо идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.