Интихоби аъзои нави Маҷлиси миллӣ бидуни алтернатива

Маъракаи интихоботи аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки ба санаи 15-уми феврал таъин шудааст, бидуни алтернатива сурат мегирад, зеро ба ҷойи 9 нафар вакили хориҷшуда ҳамин шумор номзадҳо пешбарӣ шудаанд. Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯйхати вакилони маҷлисҳои маҳаллиро, […]



Маъракаи интихоботи аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки ба санаи 15-уми феврал таъин шудааст, бидуни алтернатива сурат мегирад, зеро ба ҷойи 9 нафар вакили хориҷшуда ҳамин шумор номзадҳо пешбарӣ шудаанд.

Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯйхати вакилони маҷлисҳои маҳаллиро, ки дар интихобот ширкат меварзанд, комиссияҳои интихоботии ҳавзаҳо таҳия кардаанд.

«Варақаҳои овоздиҳӣ ҳам ба нашр расида, ояндаи наздик ба ҳавзаҳои интихоботӣ расонида мешаванд», – зикр кард Додоев.

Номбурда хотиррасон намуд, ки раисони нави вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ Абдураҳмон Қодирӣ, Давлатшо Гулмаҳмадов, Шодихон Ҷамшедов ва ҳамчунин раисони шаҳрҳои Кӯлоб – Абдуғаффор Раҳмонов, Турсунзода – Бобоалӣ Табаров, директори генералии ҶСК «НОБ Роғун» – Хайрулло Сафаров, президенти Академияи илмҳои ҶТ – Фарҳод Раҳимов, раисон ноҳияҳои Дарвоз – Саидбурҳон Абдураҳмонов ва Рӯшон – Худоёр Худоёров қаблан бо қарори маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси миллӣ пешбарӣ шуданд.

Ҳамаи номзадҳои пешбаришуда ба вакилӣ дар палатаи болои парлумони ҷумҳурӣ аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошанд.

Ёдрас мекунем, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки 17-уми декабри соли ҷорӣ баргузор шуд, 9 нафар аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ба истеъфо рафтанд.

Собиқ раисони вилоятҳои Суғду Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қоҳир Расулзода ва Қодири Қосим ва Хайрулло Асоев бинобар сабаби ба мансабҳои нави давлатӣ таъин шуданашон дар ҳайати ҳукумат ваколатҳои худ дар Маҷлиси миллиро супурданд.

Ҳамчунин собиқ раиси Академияи улуми ҶТ Мамадшо Илолов, собиқ раиси шаҳри Норак Ҳамид Абдуллоев, собиқ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов, собиқ раиси шаҳри Турсунзода Давлатшо Гулмаҳмадов, собиқ раиси ноҳияи Рӯшон Қобиламо Ғулошоева ва собиқ раиси ноҳияи Дарвоз Шамсмуҳаммад Назриев низ бо хоҳиши худ аз сафҳои палатаи болоии парлумон хориҷ гардиданд.

КМИР Тоҷикистон интихоботи вакилон ба ҷойи аъзои хориҷшудаи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистонро санаи 15-уми феврали соли 2014 таъин кард.

Қобили зикр аст, ки 25 нафар аъзои Маҷлиси миллиро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб карда, 8 нафарро президент бо фармони худ таъин мекунад. Ғайр аз ин, собиқ президентҳои ҷумҳурӣ ҳуқуқ доранд, ки давоми тамоми умр аъзои Маҷлиси миллӣ бошанд. Дар даъвати феълии Маҷлиси миллӣ собиқ президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов аз ин ҳуқуқи худ истифода мекунад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.