ММТ барои бақайдгирандагон давраи омӯзишӣ доир мекунад

Бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” (ММТ) 4-уми феврал силсилаи семинарҳои омӯзишӣ барои бақайдгирандагон баргузор месозад, ки тули як моҳ идома меёбанд. Тавре ба Хабаргузории “Азия-Плюс” аз ММТ иттилоъ доданд, курсҳои мазкур дар 4 минтақаи ҷумҳурӣ баргузор мешаванд. Дар ин семинарҳо нафароне, ки бо хоҳиши худ пешакӣ ба озмуни интихоби масъулони бахши бақайдгирӣ ҳуҷҷат […]


Бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” (ММТ) 4-уми феврал силсилаи семинарҳои омӯзишӣ барои бақайдгирандагон баргузор месозад, ки тули як моҳ идома меёбанд.

Тавре ба Хабаргузории “Азия-Плюс” аз ММТ иттилоъ доданд, курсҳои мазкур дар 4 минтақаи ҷумҳурӣ баргузор мешаванд. Дар ин семинарҳо нафароне, ки бо хоҳиши худ пешакӣ ба озмуни интихоби масъулони бахши бақайдгирӣ ҳуҷҷат супурдаанд, иштирок мекунанд. Дар маҷмӯъ, тибқи эълони пешакӣ, барои 20 нуқтаи бақайдгирӣ, ки аз ҷониби Марказ дар 11 шаҳру навоҳии кишвар таъсиси дода шудааст, 164 (ш. Душанбе ва ноҳияи Рашт – 52, ВМКБ – 12, вилояти Хатлон  – 50 ва вилояти Суғд – 50) нафар ҳуҷҷат супурдаанд, ки 7 гурӯҳро ташкил мекунанд. Дар давоми ду рӯз мутахассисони Марказ барои як гурӯҳ, яъне, 25 нафар иштирокдорони семинар моҳият ва муҳтавои низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД)-ро мефаҳмонанд. Баъдан, ба онҳо аз раванди бақайдгирии довлаталабон бо истифода аз технологияи муосир дарсҳои амаливу назариявӣ дода мешавад. Рӯзи дуюми семинар аз рӯйи талаботи  вазифа Марказ дар байни иштирокдорони семинар озмун мегузаронад. Иштирокдороне, ки аз уҳдаи тамоми талабот мебароянд, аз ҷониби Марказ ба ҳайси бақайдгиранда аз 1-уми март то 15-уми апрели соли 2014 ба кор ҷалб карда мешаванд.

Вазифаи асосии масъулони бахши зикргардида дар муҳлати номбаршуда бо истифода аз барномаи копютерии бақайдгирӣ довталабонро ба пойгоҳи додаҳо ворид кардан аст.

Семинарҳо дар 4 минтақаи кишвар: дар шаҳри Душанбе аз 4-ум то 7-уми феврал, вилояти Суғд аз 11-ум то 14-уми феврал, вилояти Хатлон аз 18-ум то 21-уми феврал, ВМКБ аз 25-ум то 26-уми феврал сурат мегиранд. Дар охир аз 164 иштирокдори озмун 120 нафари арзанда интихоб мегарданд.


Маълумот:

Татбиқи ҷараёни низоми ИМД аз 10 давраи асосӣ иборат аст, ки якеаш давраи бақайдгирист. ММТ тасмим гирифтааст, барои дар сатҳи баланд гузаронидани давраи зикршуда аз ҳисоби хоҳишмандон ба тариқи озмун бақайдгирандагонеро ба кор ҷалб кунад, ки баъдан ба корҳои мавсимӣ қабул мешаванд.

Ба рӯйхат гирифтани довталабон дар 20 бунгоҳ сурат мегирад. Ҳар кадоме аз ин бунгоҳҳо дорои 4 истгоҳ (стансия)-и дорои компютер, принтер ва дастгоҳи аксбардорӣ буда, 6 нафар корманд дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.