ФБД фаъолияташро барқарор карда, вале фурудгоҳи Кӯлоб ҳамоно баста аст

То соати 5:00 субҳи  имрӯз дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) ба 25 рейс, аз ҷумла 11 рейсҳои ба таъхирафтода ва 14 рейсҳои дар ҷадвали парвозҳо нишондодашуда хизматрасонӣ карда шуд. Тавре сухангӯи ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, дар қатори хизматрасониҳои муқаррарӣ, ҳамаи ҳавопаймоҳое, ки ба парвоз омода карда шуданд, бо моеи зидди яхбандӣ коркард шуданд. Зимнан […]



То соати 5:00 субҳи  имрӯз дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) ба 25 рейс, аз ҷумла 11 рейсҳои ба таъхирафтода ва 14 рейсҳои дар ҷадвали парвозҳо нишондодашуда хизматрасонӣ карда шуд.

Тавре сухангӯи ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, дар қатори хизматрасониҳои муқаррарӣ, ҳамаи ҳавопаймоҳое, ки ба парвоз омода карда шуданд, бо моеи зидди яхбандӣ коркард шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки то ин соат фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба ҳолати муқаррарии фаъолият баргашта, кормандони бахши хоҷагӣ ба рубучин ва тартиб овардани толорҳо машғуланд.

Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар фурудгоҳи пойтахт ҷамъшавии хеле зиёди мусофирон ба мушоҳида мерасид, ки аксарашон беш аз як шабонарӯз парвози ҳавопаймоҳоро интизорӣ доштанд.

Яке аз мусофирони хатсайри ҳавоии Душанбе – Санкт-Петербурги ширкати «Сомон Эйр», ки аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба Душанбе омада буд, аз он шикоят кард, ки ба мусофирон вазъро шарҳ намедиҳанд. «Ман сокини Душанбе нестам ва аллакай муддати зиёда аз 1 шабонарӯз парвози ҳавопаймои хатсайрамро интизорӣ дорам. Ширкати ҳавопаймоӣ моро бо ҷойи хобу ғизо таъмин накард. Мо шабро дар фурудгоҳ рӯз кардем. Чӣ тавре ки мебинед, ин ҷо кӯдакон ҳам ҳузур доранд», – иброз дошт мусофир.

Ҳавопаймоҳое, ки бояд ба Душанбе фуруд меомаданд, дар майдонҳои ҳавоии шаҳрҳои Хуҷанд, Самарқанд ва Тошканд фуруд омаданд.

Дар ҳамин ҳол, фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ҳамоно баста боқӣ мемонад. Ба ОИ «Азия-Плюс» аз маъмурияти фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб дар ин робита иттилоъ доданд, ки айни замон парвози ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии «Уралские авиалинии», «Сибир» ва «Ист Эйр» бо се хатсайр ба таъхир афтодааст.

«Шумори мусофирон дар маҷмӯъ 300 нафарро ташкил дода, сокинони шаҳри Кӯлоб ба хонаҳояшон фиристода шуданд ва сокинони ноҳияҳои дигар бо макони зист дар меҳмонхонаҳо ва ғизо таъмин карда мешаванд. Умедворем, ки то ахири рӯз корҳои тозакунии хатти парвоз аз барфро ба итмом расонида, фаъолияти фурудгоҳро бо реҷаи муқаррарӣ таъмин месозем»,- гуфтанд дар фурудгоҳи Кӯлоб.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.