Дар шаҳри Чкалов радиои маҳаллӣ бо номи «Салом» расман ба фаъолият шурӯъ намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар маросими ифтитоҳи радио раиси шаҳри Чкалов Рухсора Каримхоҷаева ширкат варзида изҳори умед кардааст, ки акнун шаҳрвандон аз тариқи ин расонаи хабарӣ аз вазъи сиёсиву иҷтимоии шаҳр маълумоти бештар дастрас хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, радиои «Салом» шабакаи хусусӣ буда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов таъсис ёфтааст ва ҳамарӯза то 10 соат барномаҳояшро зери мавҷи 93,3 FM пахш менамояд.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар қаламрави вилояти Суғд 10 шабакаҳои радиоӣ, аз ҷумла 9 шабакаи радиои ғайриҳукуматӣ фаъолият доранд.



