Даромади соли гузаштаи ФБД 73 млн. сомониро ташкил дод

Соли 2013 ҳаҷми даромади Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) 73 млн. сомониро ташкил дод. Директори генералии ФБД Рустам Холиқов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки айни замон вазъи молиявии фурудгоҳ устувор буда, тамоми уҳдадориҳои марбут ба сохтмони терминали нав саривақт ба иҷро мерасанд. «Муддати беш аз 1 сол (15 моҳ) мо ҳар моҳ барои сохтмони терминали […]

Заррина Эргашева



Соли 2013 ҳаҷми даромади Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) 73 млн. сомониро ташкил дод.

Директори генералии ФБД Рустам Холиқов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки айни замон вазъи молиявии фурудгоҳ устувор буда, тамоми уҳдадориҳои марбут ба сохтмони терминали нав саривақт ба иҷро мерасанд.

«Муддати беш аз 1 сол (15 моҳ) мо ҳар моҳ барои сохтмони терминали нав 828,5 ҳазор евро маблағ равона мекунем ва боз 5 моҳи дигар низ ҳамин қадар маблағ ҷудо карда хоҳад шуд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта баҳри рушди фурудгоҳ беш аз 8 млн. евро маблағгузорӣ шуда, тамоми ин хароҷот бояд дар тарофаҳо таҷассум ёбанд. «Ҳамаи ин масъалаҳо бо хадамоти зиддиинҳисорӣ муввофиқа шуда, айни замон тағйирот дар тарофаҳоро омода мекунем», – зикр кард Холиқов.

Ба савол дар бораи қарздории ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба фурудгоҳ номбурда зикр кард, ки ширкатҳои «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» аз ФБД қарздор мебошанд, ки қисмати зиёдаш қарзи «Тоҷик Эйр» мебошад.

Холиқов ҳамчунин гуфт, мавриди истифода қарор гирифтани терминали нави фурудгоҳ, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар назар аст, низ  ба афзоиши ҳаҷми даромад дар соли ҷорӣ мусоидат хоҳад намуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат