Боздиди намояндаи Департаменти давлатии ИМА аз АНМН

Рӯзи 4-уми феврали соли равон муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Бунафша Одинаева бо ҷаноби Стивен Фагин – директори шӯъбаи масъалаҳои минтақавии Бюрои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубии Департаменти Давлатии ИМА мулоқот анҷом дод. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи мубориза бар […]

ASIA-Plus



Рӯзи 4-уми феврали соли равон муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Бунафша Одинаева бо ҷаноби Стивен Фагин – директори шӯъбаи масъалаҳои минтақавии Бюрои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубии Департаменти Давлатии ИМА мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар баррасӣ гардиданд. Инчунин вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ҳамкорӣ бо афсарони алоқаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки бо афсарони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ  дар масъалаҳои пешгирии қочоқи маводи нашъаовар робитаҳои зич доранд, муҳокима гардиданд.

Гуфта мешавад, инчунин масъалаҳои ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дурнамои рушди АНМН мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷаноби Фагин ба кӯшишҳои Агентӣ дар самти ҳамоҳанг сохтани фаъолияти сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар баҳои баланд дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.