Гуфтушуниди Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара оид ба масоили марзӣ

Аз субҳи имрӯз дар шаҳри Исфара вохӯрии намояндагони ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии масъалаи аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ ҷараён дорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, ҳайати Тоҷикистонро ёвари президент оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев, вазири накиёт Хайрулло Асоев, раиси Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезия […]

Аваз Юлдошев



Аз субҳи имрӯз дар шаҳри Исфара вохӯрии намояндагони ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии масъалаи аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ ҷараён дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, ҳайати Тоҷикистонро ёвари президент оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев, вазири накиёт Хайрулло Асоев, раиси Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезия Маҳмадтоҳир Зокиров намояндагӣ карда, ҳайати Қирғизистонро коршиноси котиботи намояндаи махсуси ин кишвар оид ба масоили марзи давлатӣ Б.Абдураҳимов роҳбарӣ мекунад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар гуфтушуниди имрӯза ҳайати Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, то ки ҳайати кишвари ҳамсояро ба барқарор кардани фаъолияти гузаргоҳҳои марзӣ миёни кишварҳо мӯътақид созад.

Ёдрас мекунем, ки пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми январ дар марз Қирғизистон якҷониба фаъолияти гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистонро қатъ кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.