Боздошти ғоратгарони бонки давлатӣ дар Душанбе



Аввали ҳафтаи равон зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрвандон: Бобоҷон Сайдалиеви 31-сола, сокини кӯчаи Шарқ, Ҷамшед Убайдуллоеви 37-сола, сокини кӯчаи Ҷ.Раҳим, Оламафрӯзи Турдизоди 22-сола, сокини кӯчаи Ғафурови пойтахт ва Сангалӣ Эмомалии Мирзозодаи 23-сола, сокини ноҳияи Данғара ҳамчун гумонбар дар дуздӣ дастгир карда шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, ин гурӯҳи муташаккили ҷинояткор санаи 24-уми январи соли ҷорӣ тариқи шикастани қулфи дари хазинаи филиали №2-и «Амонатбонк», воқеъ дар кӯчаи Деҳлавӣ вориди он гардида, аз дохили сандуқҳои оҳанин 127 ҳазору 90 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное