Табодули санади тасдиқи Созишномаи пойгоҳи низомӣ миёни Тоҷикистону Русия

Имрӯз дар шаҳри Сочии Русия президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Владимир Путин гуфтушунид мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, имрӯз сарони кишварҳо санади тасдиқи созишнома дар бораи шартҳои ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистонро ба ҳамдигар месупоранд. Ин созишнома зимни сафари расмии президенти Русия […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз дар шаҳри Сочии Русия президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Владимир Путин гуфтушунид мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, имрӯз сарони кишварҳо санади тасдиқи созишнома дар бораи шартҳои ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистонро ба ҳамдигар месупоранд. Ин созишнома зимни сафари расмии президенти Русия ба Тоҷикистон моҳи октябри соли 2012 ба имзо расида буд.

«Дар мулоқоти имрӯзаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия ҳамчунин атрофи рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъ дар минтақа табодули назар сурат хоҳад гирифт», – иброз дошт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки санаи 24-уми январи соли равон муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов дар нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор карда буд, ки зимни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон моҳи октябри соли 2012 як қатор мувофиқаҳо ҳосил шуда, аз рӯйи натиҷаҳои ин сафар президент ба ҳукумати Русия ҷиҳати амалӣ сохтани ин тавофуқот дастуру супориш додааст, ки як қисмате аз он то ба имрӯз ба иҷро расида, ояндаи наздик

табодули асноди

тасдиқи чанде аз созишномаҳо дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.