Боздошти ғоратгарони бонки давлатӣ дар Душанбе

Аввали ҳафтаи равон зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрвандон: Бобоҷон Сайдалиеви 31-сола, сокини кӯчаи Шарқ, Ҷамшед Убайдуллоеви 37-сола, сокини кӯчаи Ҷ.Раҳим, Оламафрӯзи Турдизоди 22-сола, сокини кӯчаи Ғафурови пойтахт ва Сангалӣ Эмомалии Мирзозодаи 23-сола, сокини ноҳияи Данғара ҳамчун гумонбар дар дуздӣ дастгир карда шуданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД […]

ASIA-Plus



Аввали ҳафтаи равон зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрвандон: Бобоҷон Сайдалиеви 31-сола, сокини кӯчаи Шарқ, Ҷамшед Убайдуллоеви 37-сола, сокини кӯчаи Ҷ.Раҳим, Оламафрӯзи Турдизоди 22-сола, сокини кӯчаи Ғафурови пойтахт ва Сангалӣ Эмомалии Мирзозодаи 23-сола, сокини ноҳияи Данғара ҳамчун гумонбар дар дуздӣ дастгир карда шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, ин гурӯҳи муташаккили ҷинояткор санаи 24-уми январи соли ҷорӣ тариқи шикастани қулфи дари хазинаи филиали №2-и «Амонатбонк», воқеъ дар кӯчаи Деҳлавӣ вориди он гардида, аз дохили сандуқҳои оҳанин 127 ҳазору 90 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.