Чанде қабл сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев бо дархости сафири Словения дар Русия Примож Шелиго ӯро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия, зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Словения мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин атрофи дигар масоили муҳими байнулмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷчуҳи тарафайн табодули назари судманд сурат гирифт.



