Рӯзи 6уми феврали соли 2014 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, мизи мудаввар дар мавзӯи «Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ – ҳамчун воситаи таъминкунандаи муколамаи озоди давлат ва бахши хусусӣ» баргузор гардид.
Тавре аз котиботи Шӯрои мазкур хабар доданд, дар кори мизи мудаввар намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши хусусӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон иштирок намуданд.
Мизи мудавварро мушовири калони иқтисодӣ, иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ Нуъмон Абдуҷаборов ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки мақсади доир намудани мизи мудаввар ҷамъбасти дастовардҳои Шӯрои машваратӣ дар соли 2013 ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Шӯро барои соли 2014, инчунин мубодилаи афкор байни шарикон мебошад.
Сипас, маърӯзаи мушовири калони иқтисодӣ, иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ оид ба фаъолияти Шӯро дар соли 2013 ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти Шӯро барои соли 2014 ба самъи ҳозирин расонида шуд. Зикр гардид, ки дар соли ҳисоботӣ Шӯрои машваратӣ таҳти сарварии Раиси Шӯро, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду ҷаласаи худро гузаронид, ки дар онҳо як қатор масъалаҳои мубрами беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ислоҳоти татбиқшуда дар самтҳои ташаккули шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва таъсиси сохторҳои он, аз қабили Шӯро ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, идомаи ислоҳоти низоми андозбандӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои сайёҳӣ, соддатар намудани ҷараёни санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, оғози ислоҳот дар самтҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши суғурта, ташкили бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ ҳамчун дастовардҳои назарраси Шӯрои машваратӣ дар соли гузашта муаррифӣ гардиданд.
Инчунин дар давраи ҳисоботӣ дар доираи фаъолияти Шӯро, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» дар таҳрири нав таҳия гардида, тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки дар заминаи Кодекси андоз қабул гардидаанд, ба тасвиб расиданд. Инчунин Фонди дастгирии соҳибкорӣ ва якчанд шӯроҳои минтақавӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъсис дода шуданд.
Котиботи Шӯрои машваратӣ дар ҳамкории зич бо намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд мунтазам номгӯи масъалаҳои афзалиятнокро барои доир намудани ислоҳот муайян намуда, вобаста ба ҳар як масъалаи аз ҷониби бахши хусусӣ пешниҳодшуда таҳлилҳои лозимӣ мегузаронад ва натиҷаи онҳоро ба баррасии Шӯрои машваратӣ пешниҳод мекунад.
Дар хотимаи суханронии худ мушовири калони иқтисодӣ, иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ зикр намуд, ки дар асоси пешниҳодҳои бахши хусусӣ масъалаҳои зерин, аз ҷумла идомаи ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ; беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ; идомаи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ; ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон; тезонидани раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага (Конвенсияи Апостил) оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмӣ аз соли 1961; беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта; татбиқи ислоҳот дар самти ташкили бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаи фондӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки Шӯрои машваратӣ дар соли 2014 муайян гардиданд.
Сипас, дар кори мизи мудаввар аз ҷониби мақомоти давлатӣ, муовини Раиси Кумитаи давлати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатииҶумҳурии Тоҷикистон Нигина Абдуллоева, аз номи бахши хусусӣ, Роҳбари Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон Фарҳод Акбаров ва аз номи шарикони рушди Тоҷикистон Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Ричард Джонс, Муовини Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо Овидиу Мик ва дигарон баромад намуда, фаъолияти Шӯроро дар соли сипаригашта хуб арзёбӣ намуданд.
Дар интиҳои мизи мудаввар байни иштирокчиён баҳсу мунозираҳо сурат гирифта, ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ фикру пешниҳодоти муфид манзур шуданд.



