Тоҷикистонӣ ҳам ба бурдани оташи олимпӣ шарафёб гардид

Арбоби ҷамъиятӣ Даврон Муҳаммадиев имрӯз ба дар даст бурдани оташи олимпии Бозиҳои зимистонаи олимпии Сочи-2014 шарафёб гардид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» шахсан худи ӯ хабар дод. Ба бурдани оташи олимпӣ ӯро ширкати Coca-Cola Русия, ки шарики Эстафетаи Оташи олимпии «Сочи-2014» мебошад, пешбарӣ кард. «Ин барои ман ифтихори бузург ва хеле ногаҳонӣ аст, ки […]

ASIA-Plus



Арбоби ҷамъиятӣ Даврон Муҳаммадиев имрӯз ба дар даст бурдани оташи олимпии Бозиҳои зимистонаи олимпии Сочи-2014 шарафёб гардид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» шахсан худи ӯ хабар дод.

Ба бурдани оташи олимпӣ ӯро ширкати Coca-Cola Русия, ки шарики Эстафетаи Оташи олимпии «Сочи-2014» мебошад, пешбарӣ кард.

«Ин барои ман ифтихори бузург ва хеле ногаҳонӣ аст, ки маро ба дар даст доштани оташи олимпӣ интихоб карданд. Ман ҳамеша ба рӯйдодҳои тозаву таҷрибаи нав омодаам. Ин омили хуби санҷиши қавииродагӣ ва намунаи ибрат ба насли наврас мебошад», – гуфт ӯ дар суҳбат ба хабаргузории «Азия-Плюс».

Доктори улуми тиббӣ Даврон Муҳаммадиев соли 2005 ба ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ мукофотонида шуда, ӯ муаллифи беш аз 120 корҳои илмӣ мебошад, ки дар нашрияҳои байнулмилалӣ, русӣ ва тоҷикӣ ба чоп расидаанд. Даврон Мансурович бо фаъолияти гуманитарӣ низ машғул буда, барои иштироки фаъолона дар барномаҳои омодагӣ ва вокуниш ба офатҳо бо нишони фахрии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар варзишгоҳи «Фишт»-и шаҳри Сочии Русия маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ баргузор мегардад, ки дар он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳузур хоҳад дошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.