Расидагии Ӯзбекистон ба дархости Тоҷикистон

Ахири моҳи гузашта баъди аз ҷониби Қирғизистон якҷониба баста шудани гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистон бар асари муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми январ, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо дархости роҳандозии ҳарчи зудтари реҷаи убури автомашинаҳои самти Тоҷикистон тариқи гузаргоҳҳои марзии Ӯзбекистону Тоҷикистон ба унвони Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ёддошт ирсол намуд. Аз намояндагии дипломатии Тошканд дар Душанбе […]

Аваз Юлдошев



Ахири моҳи гузашта баъди аз ҷониби Қирғизистон якҷониба баста шудани гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистон бар асари муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми январ, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо дархости роҳандозии ҳарчи зудтари реҷаи убури автомашинаҳои самти Тоҷикистон тариқи гузаргоҳҳои марзии Ӯзбекистону Тоҷикистон ба унвони Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ёддошт ирсол намуд.

Аз намояндагии дипломатии Тошканд дар Душанбе ба хабаргузории «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки чанде қабл дар ёддошти ҷавобии худ ҷониби Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маълумот дод, ки ба автомашинаҳои боркаше, ки ба самти Тоҷикистон равонаанд, бо реҷаи тезтар ба убури марз тариқи гузаргоҳҳои ҳарду кишвар иҷозат дода шудааст.

«Қаблан агар марзбонон ва гумрукчиёни Ӯзбекистон дар марз бо Тоҷикистон дар як шабонарӯз ба иҷозати убури 10-12 автомашина фурсат меёфтанд, акнун ба убури 90-100 автомашина дар як шабонарӯз иҷозат дода мешавад», – зикр карданд дар сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.