Омодагӣ ба ҷашни 90-солагии авиатсияи граждании Тоҷикистон

Рӯзи 6-уми феврал дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷаласаи ҳисоботии Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи авиатсияи гражданӣ баргузор шуд. Тавре котиби матбуотии фурудгоҳ Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, дар ҷаласа зикр гардид, ки Иттифоқҳои касабаи соҳаи авиатсияи граждании ҷумҳурӣ дар рушду нумӯи иқтисоди кишвар, иттиҳоди миллату пешрафти ватан роли муҳим мебозанд. Ҳуқуқҳои иҷтимоии  кормандони соҳаро ҳамеша […]

ASIA-Plus



Рӯзи 6-уми феврал дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷаласаи ҳисоботии Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи авиатсияи гражданӣ баргузор шуд.

Тавре котиби матбуотии фурудгоҳ Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, дар ҷаласа зикр гардид, ки Иттифоқҳои касабаи соҳаи авиатсияи граждании ҷумҳурӣ дар рушду нумӯи иқтисоди кишвар, иттиҳоди миллату пешрафти ватан роли муҳим мебозанд. Ҳуқуқҳои иҷтимоии  кормандони соҳаро ҳамеша ҳимоя намуда, барои фаъолияти меҳнатӣ ва истироҳати кормандон ва фарзандони кормандони соҳа заҳмат мекашанд.

Ба мушкилиҳои мавҷуда нигоҳ накарда, соҳаи авиатсияи граждании кишвар нисбат ба солҳои пеш хело тараққӣ намудааст, фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, фурудгоҳи Қӯрғонтеппа ва шаҳри Хоруғ соли сипаришуда мутобиқи нақша мусофир ва бор интиқол додаанд. Самти хизматрасонӣ ба мусофирон низ беҳтар гардидааст.

Қайд гардид, ки соли 2014 авиатсияи граждании Тоҷикистон  90 сола мешавад, аз ин хотир ба ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи соҳа дастур дода шуд, ки нақша-чорабиниҳои махсус тартиб дода, санаи муҳим бо хотирмонии хоса ҷашн гирифта шавад.

Масъалаҳои таъини нафақаи кормандон, истироҳати коргарон ва нафақагирон, ташкили истироҳати фарзандони кормандони соҳа аз масъалаҳое буданд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Муовини аввали Раиси Федератсияи Иттифоқхои касабаи мустакили Тоҷикистон Қарши Каримов саҳми кормандони соҳаро дар самти пешрафти ҷомеа қайд намуда, иброз дошт, ки иттифоқи касабаи ҷумҳуриявӣ ба фаъолияти меҳнатии кормандони соҳаи авиатсия баҳои хуб медиҳад ва даъват намуд, ки дар оянда низ барои рушду нумӯи соҳа ва дар маҷмӯъ пешрафти иқтисоди кишвар меҳнати арзанда намоянд.

Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи авиатсияи гражданӣ М. Хушвахтов дар интиҳои ҷаласа гуфт, кормандони соҳа 90 солагии авиатсияи граждани кишварро бо дастовардҳои меҳнатӣ пешвоз гирифта, барои таъмини шароити хуби меҳнат ва истироҳати кормандон талош хоҳанд кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1992 – Дар маркази Душанбе дар майдонҳои “Озодӣ” ва “Шаҳидон” гирдиҳамоиҳои худҷӯш баргузор шуданд. Соли 1996 – Аввалини шумораи ҳафтаномаи хусусии “Чархи...

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.