Боздиди гузоришгари махсуси СММ оид ба шиканҷа аз Тоҷикистон

Гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили шиканҷа Хуан Мендес рӯзҳои 10-12 феврал бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо вазъи чанде аз муассисаҳои пӯшидаи ҷумҳурӣ шинос хоҳад шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Зариф Ализода хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, аз рӯйи натоиҷи  […]

ASIA-Plus


Гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили шиканҷа Хуан Мендес рӯзҳои 10-12 феврал бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо вазъи чанде аз муассисаҳои пӯшидаи ҷумҳурӣ шинос хоҳад шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Зариф Ализода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, аз рӯйи натоиҷи 

сафари қаблии худ

 Хуан Мендес барои қатъ ё коҳиши назарраси падидаҳои манфӣ дар бахши риояи ҳуқуқи маҳкумшудагон якчанд тавсия дода буд, ки айни замон фаъолона амалӣ мешаванд.

«Аз ҷумла, масъалаи таъсиси гурӯҳи кории махсус, ки дар самти ошкор сохтани далелҳои шиканҷа дар маҳбасҳо мониторинг мегузаронад, ҳаллу фасл шуд. Қобили зикр аст, ки ба ҳайати ин гурӯҳ аъзои

Эътилофи

 ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон низ шомиланд», – иброз дошт Ализода.

Номбурда ҳамчунин гуфт, ки рӯзи 12-уми феврал бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ семинар баргузор шуда, дар доираи он тавсия ва масоили матраҳкардаи Хуан Мендес баррасӣ мешаванд.

Ба қавли Омбудсмен, бо мақсади ҳимоя аз ҳуқуқи инсон дар низоми муассисаҳои пӯшида ва нимпӯшида соли гузашта кормандони дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ин муассиаҳо 21 боздид гузарониданд.

Қобили зикр аст, ки фаъолияти Гузоришгари махсус оид ба масоили шиканҷа барои тамоми кишварҳо, сарфи назар он ки оё давлат Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳкиркунандаи шаъну шарафро эътироф кардааст ё не, фаро мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи мазкурро соли 1995 пазируфтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.