Дар давоми моҳи январи соли ҷорӣ нисбат ба 25 шаҳрванди хориҷӣ дар вилояти Суғд парвандаи барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардид.
Тавре ба Хабаргузории «Азия Плюс» аз хадамоти матуботи вилояти Суғд иттилоъ доданд, миёни ҳуқуқвайронкунандагони маъмурӣ 8 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии мардумии Чин, 5 шаҳрванди Қирғизистон, 5 шаҳрванди Русия, 1 шаҳрванди Покистон, 4 шаҳрванди Афғонистон, 1 шаҳрванди Корея ва 1 шаҳрванди Сурия ҳастанд.
Аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ додаанд, нисбати 9 нафар ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ва берункунӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шуда, нисбати 16 нафари дигар ҷазо дар шакли ҷарима татбиқ гардидааст.
Ҳуқуқвайронкунандагони хориҷӣ дар доираи амалиёти тафтишотӣ аз чониби Раёсати хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гузаронида шуд.



