Э.Раҳмон Рӯҳониро бо солгарди Инқилоби исломӣ табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати сиюпанҷумин солгарди Инқилоби Исломӣ ба унвони президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи шодбошӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки рушду густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо кишвари дӯсту бародари Эрон аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати сиюпанҷумин солгарди Инқилоби Исломӣ ба унвони президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи шодбошӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки рушду густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо кишвари дӯсту бародари Эрон аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

«Мо итминон дорем, ки муносибатҳои созандаю судманди мо дар оянда низ пайваста бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ гашта, ҷавобгӯи манфиатҳои ҳаётии ҳар ду кишвар хоҳанд буд», – баён мегардад дар барқия.

Гуфта мешавад, тайи солҳои охир ҷонибҳо дар бахшҳои муҳимтарини ҳамкорӣ ба тавофуқоти муҳиму сершумор расида, ҷараёни иҷрои онро таҳти пайгирӣ қарор додаанд.

«Мо хоҳони вусъати бештару хубтари ин ҳамкориҳо ва кушодани саҳифаҳои ҷадиди тавсеаи равобити густурдаи Тоҷикистону Эрон буда, итминон дорем, ки кишвари бародар низ дар садади чунин ҳадафҳост», – омадааст дар барқия.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.