Баррасии парвандаи Оятулло Саидов дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Суди  ноҳияи Исмоили Сомонӣ барасии парвандаи Оятулло Саидовро ба 17-уми феврал монд. Судшаванда писархонди собиқ муовини аввали вазири корҳои дохилаи кишвар Нурулло Орипов аст. Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» Мавлудхон Салиҳов, раиси Маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар дод, Оятулло Саидов  бо моддаҳои  247  қисми 2 банди “а” (қаллобии такроран), 247 қисми “б” (қаллобие, ки аз […]

Мавзуна Абдуллоева



Суди  ноҳияи Исмоили Сомонӣ барасии парвандаи Оятулло Саидовро ба 17-уми феврал монд. Судшаванда писархонди собиқ муовини аввали вазири корҳои дохилаи кишвар Нурулло Орипов аст.

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» Мавлудхон Салиҳов, раиси Маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар дод, Оятулло Саидов  бо моддаҳои  247  қисми 2 банди “а” (қаллобии такроран), 247 қисми “б” (қаллобие, ки аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ), 339  қисми  2 (тасарруф ё вайрон кардани хуҷҷат, штамп, мӯҳр)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳгор дониста мешавад.

Мавлудхон Салиҳов афзуд, Оятулло Саидови 35-сола (1979)  сокини шаҳри Ваҳдат, ҷамоати Гулистони деҳаи Ҷангалобод пеш 6 маротиба бо моддаи 247 кодекси ҷиноӣ Тоҷикистон суд шудааст. 

Қайд мешавад, ки ӯ бештар бо суистифода аз номи падархонди худ ба боварии шаҳрвандон даромада, маблағҳои онҳоро гирифта, ғайб мезадааст. Ҳамин тавр, дар моҳи май соли 2013 Оятулло Саидов ба шаҳрванд Ибодулло Холов ваъда медиҳад, ки падараш Раҷаб Холов  ва модараш Гулнисо Холоваро ба Ҳаҷ мефиристад. Барои ин хизмати худ Саидов аз Ибодулло Холов 8 ҳазору 200 доллари амрикоӣ мегирад. Бо истифода аз ҳамин усул боз аз 15 нафар истиқоматкунандагони кӯҷаи Овули шаҳри Душанбе маблағҳои зиёдеро гирифта, ғайб мезанад.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...