Собиқ раиси Иттиҳоди нависандагон мурофиаи судӣ бо «Самак»-ро идома медиҳад

Дар суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт мурофиаи судӣ оид ба баррасии даъвои собиқ раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Аскар Ҳаким нисбати ҳафтавори «Самак» идома меёбад. Даъвогар барои зиёни маънавӣ ва паст задани шаъну эътибор пардохти 150 ҳазор сомонӣ маблағро талаб дорад. Сардабири ҳафтавори «Самак» Ҷасур Абдуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки суд идораи […]

ASIA-Plus



Дар суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт мурофиаи судӣ оид ба баррасии даъвои собиқ раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Аскар Ҳаким нисбати ҳафтавори «Самак» идома меёбад. Даъвогар барои зиёни маънавӣ ва паст задани шаъну эътибор пардохти 150 ҳазор сомонӣ маблағро талаб дорад.

Сардабири ҳафтавори «Самак» Ҷасур Абдуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки суд идораи ҳафтаномаро огоҳ кардааст, ки мурофиаи судӣ санаи 14-уми феврал барқарор мешавад ва даъвогар боҷи давлатӣ дар ҳаҷми 7% аз ҳаҷми умумии маблағи даъворо пардохт намудааст. Қоблили зикр аст, ки маҳз бо сабаби пардохт нашудани боҷи давлатӣ даъво бидуни барррасӣ боқӣ гузошта шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки тобистони соли гузашта шоири тоҷик, собиқ раиси Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ Аскар Ҳаким аз болои ҳафтавори «Самак»

ба додгоҳ шикоят бурда

, барои паст задани шаъну эътибор ба сифати ҷуброни маънавӣ пардохти 150 ҳазор сомонӣ маблағро тақозо намуд.

Сардабири ҳафтавори «Самак» Ҷасур Абдуллоев он замон изҳор намуда буд, ки даъвогар ба мақолаи санаи 20-уми март чопшуда дар ҳафтавор тахти унвони «Зиёиёни бемушкили тоҷик» ишора дорад, ки дар он перомуни Иттифоқи рассомон сухан мерафтааст, вале ба иллати иштибоҳи фаннӣ ба ҷойи Иттифоқи рассомон Иттифоқи нависандагон дарҷ шуда, замони рӯйдодҳои мақола ба вақти дар мансаби раиси Иттифоқи нависандагон қарор доштани Аскар Ҳаким рост омадааст.

Баъдан  Аскар Ҳаким изҳор карда буд, ки ҳафтавори «Самак» даъвои ӯ нисбати ин нашрияро

ғайривоқеъӣ ва нодуруст

шарҳ медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.