Вохӯрии муовини нахуствазир бо сокинони Ворух

Чанде қабл муовини нахуствазири Тоҷикистон, ҳамраиси комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ Муродалӣ Алимардон бо сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара вохӯрд. Тавре як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, зимни вохӯрӣ муовини нахуствазир ба сокинони Ворух дар бораи тадбирҳои андешидаи ҳукумат ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар марз бо Қирғизистон […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл муовини нахуствазири Тоҷикистон, ҳамраиси комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ Муродалӣ Алимардон бо сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара вохӯрд.

Тавре як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, зимни вохӯрӣ муовини нахуствазир ба сокинони Ворух дар бораи тадбирҳои андешидаи ҳукумат ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар марз бо Қирғизистон маълумот дод.

«Алимардон таъкид дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро хоҳад андешид, то ки Ворух бо қаламрави ҷумҳурӣ пайваста, аз мақоми ҷазирақаламрав берун шавад», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, ноиби нахуствазир аз аҳолии Ворух даъват кард, ки нисбати мардуми кишвари ҳамсоя ба иғвогариҳо роҳ надиҳанд ва ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми тоҷику қирғиз асрҳо паҳлӯи ҳам дар ҳусни дӯстиву ҳамҷаворӣ зиндагӣ доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...