Дастури Убайдуллоев оид ба омодакунии Душанбе ба ҷашни Наврӯз

Чанде қабл дар ҷаласаи мақомоти шаҳрдории Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев масъалаҳои омодакунии пойтахт ба таҷлили ҷашни Наврӯз ва 90-солагии эълони Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Убайдуллоев ба муовини худ Руқия Қурбонова дастур дод, ки ҷараёни иҷрои қарорҳои дахлдори маҷлиси шаҳрӣ доир ба омодагӣ […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл дар ҷаласаи мақомоти шаҳрдории Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев масъалаҳои омодакунии пойтахт ба таҷлили ҷашни Наврӯз ва 90-солагии эълони Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Убайдуллоев ба муовини худ Руқия Қурбонова дастур дод, ки ҷараёни иҷрои қарорҳои дахлдори маҷлиси шаҳрӣ доир ба омодагӣ ба ин чорабиниҳоро таҳлил ва таҳти назорат қарор диҳад.

«Ба Р.Қурбонова супориш дода шуд, ки консепсияи мушаххаси ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо инобати истифодаи зарфиятҳои аҳли ҷамоатчигӣ ва пешниҳодоти сокинони бурунмарзии Душанбе то 1 марти соли 2014  таҳия намуда, барои тасдиқ унвонии шаҳрдор манзур созад», – иттилоъ медиҳад мақомоти шаҳрдорӣ.

Дар ҷаласа ҳамчунин масоли марбут ба вазъи роҳҳои шаҳр, кори нақлиёти ҷамъиятӣ, вазъи санитарии пойтахт ва ҷараёни ислоҳот дар бахши манзиливу коммуналӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси пойтахт ба муовинонаш ва раисони ноҳияҳои пойтахт дастур дод, ки дар муддати як моҳ занони кӯчарӯбро бо лавозимоту асбобҳои муосири корӣ таъмин кунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.