Суғд: Боздошти нозири БДА ҳангоми порагирӣ



Нозири Бозрасии давлатии автомобилии ШВКД ҶТ дар вилояти Суғд зимни порагирӣ боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, нозири БДА А.А. тавассути миёнарав К.К. барои баргардонидани ҳуҷҷати ронандагӣ ба шаҳрванд Н.М. 1200 сомонӣ маблағ гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, нсибати нозири боздоштушда ва миёнарави ӯ мутобиқи моддаҳои 319, қ. 2 (Гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор барои амали ғайриқонунӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ) парвнадаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Бино ба маълумоти Агентии мазкур, давоми соли 2013 дар қаламрави вилояти Суғд 33  далели гирифтани пора аз ҷониби шахсони мансабдор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳолат зиёдтар мебошад.

spot_imgspot_img

Популярное