Ду ҳазор шаҳрванд аз Хадамоти муҳоҷират машварати ҳуқуқӣ гирифтанд

Ба Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар соли 2013 аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ наздики ду ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ муроҷиат кардаанд. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати вазорат ба Хабаргузории «Азия-Плюс» гуфт, ки бештар шаҳрвандон мехоҳанд маълумот ба даст оваранд, ки оё онҳо дар рӯйихати ихроҷшудагони Хадамоти […]

Мавзуна Абдуллоева

Ба Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар соли 2013 аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ наздики ду ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ муроҷиат кардаанд.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати вазорат ба Хабаргузории «Азия-Плюс» гуфт, ки бештар шаҳрвандон мехоҳанд маълумот ба даст оваранд, ки оё онҳо дар рӯйихати ихроҷшудагони Хадамоти муҳоҷиратии Федератсияи Русия ҳастанд ё на.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи иттилои сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Муқим Ниёзов, дар давраи ҳисобот аз ҷониби 429 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дархостҳои хаттӣ ба унвони Федератсияи Русия тартиб дода шуд.

«Кормандони мо ба шаҳрвандоне, ки хоҳиши ба даст овардани иттилоот дар бораи сабабу мӯҳлатҳои маҳдудияти сафарашон ба Федератсияи Русияро доштанд, ёрии зарурӣ расонида, аз номи онҳо ба унвони Хадамоти федералии муҳоҷират ва мақомоти сарҳадоти Русия дархост ирсол шуд. Аз Федератсияи Русия 311 ҷавоби хаттӣ гирифта шуд. Тайи моҳи январи соли 2014, 187 дархости хаттӣ ба унвони Федератсияи Русия тартиб дода ва 89 ҷавоби хаттӣ гирифта шуд.ки мутобиқи он, то моҳи январи соли ҷорӣ ба 71 ҳазору  525 шаҳрванди Тоҷикистон иҷозати вуруд ба Русия нест», – иттилоъ доданд дар вазорат.



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.