Шоҳбулутҳо аз Белгия ба ҷойи чинорҳои Душанбе

Дар кӯчаҳои Душанбе ниҳолҳои шоҳбулутҳои аз Белгия овардашуда шинонида мешаванд. Котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар маҷмӯъ ба маблағи умумии 22 млн. сомонӣ 3 ҳазор ниҳоли шоҳбулут оварда шуда, шинонидани ниҳолҳо ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта оғоз гардида буд. Шахcи масъул дар шинонидани ниҳолҳо […]

Меҳрангез Турсунзода



Дар кӯчаҳои Душанбе ниҳолҳои шоҳбулутҳои аз Белгия овардашуда шинонида мешаванд.

Котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар маҷмӯъ ба маблағи умумии 22 млн. сомонӣ 3 ҳазор ниҳоли шоҳбулут оварда шуда, шинонидани ниҳолҳо ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта оғоз гардида буд.

Шахcи масъул дар шинонидани ниҳолҳо Абдуфаттоҳ Холов зикр кард, ки аксари ниҳолҳо бузурганд, то ки аллакай ҳамин тобистон сокинони пойтахт аз тавонанд сардии сояи онҳо баҳра баранд. «Дар тамоми Аврупо ва Русия ба шинонидани ниҳолҳои бузургтар афзалият медиҳанд», – гуфт ӯ ва илова намуд, ки дар кӯчаи Айнии пойтахт шинонидани ниҳолҳои шоҳбулут ба ҷойи чинорҳои зимни васеъ кардани роҳ буридашуда идома дорад.

Ба қавли ӯ, ин дарахтон муддати на камтар аз 30 сол нашъунамо хоҳанд ёфт. «Онҳо бо рангашон фарқ карда, агар дар худи Тоҷикистон аз ин ниҳолҳо мавҷуд мебуд, ба харидани онҳо аз хориҷи кишвар зарурате набуд», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.