Пешбарии номзадии раиси Хатлон ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят

Давлатшо Гулмаҳмадовро номзад ба вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон пешниҳод карданд. Чуноне раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Тоҷинисо Шарипова хабар дод, конфронси ин ҳизб дар ноҳияи Қубодиён номзадии и.в раиси вилоят Давлатшо Гулмаҳмадовро ба вакили маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии №38 Қубодиён пешниҳод кард. Гулмаҳмадов рузи 8-ум феврал зимни як […]

Сайраҳмон Назриев



Давлатшо Гулмаҳмадовро номзад ба вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон пешниҳод карданд.

Чуноне раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Тоҷинисо Шарипова хабар дод, конфронси ин ҳизб дар ноҳияи Қубодиён номзадии и.в раиси вилоят Давлатшо Гулмаҳмадовро ба вакили маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии №38 Қубодиён пешниҳод кард.

Гулмаҳмадов рузи 8-ум феврал зимни як суханрониаш дар назди интихобкунандагон изҳор дошт, ки номзадии ӯро аз се ҳавзаи ноҳияи Панҷ, Восеъ ва Қубодиён пешниҳод карданд, ва ӯ вазъи ин ҳавзаҳоро омӯхта, ба хулосае расидааст, ки номзадиашро аз ҳавзаи инихоботии №38 Қубодиён пешбари намояд. «Чаро? Ба хотири он, к ки дар ин ноҳия мушкилоти ҳалталаб зиёданд ва умед дорам дар якҷоягӣ бо Шумо мо ин мушкилотро ҳаллу фасл хоҳем кард», – иброз дошт ӯ.

Дар барномаи пешазинтихоботии раиси вилоят таъмиру азнавсозии роҳҳои мошингард ва таъмини аҳолии ноҳия бо оби тозаи ошомиданӣ дарҷ ёфтаанд.

Қобили зикр аст, ки интихобот дар ин ҳавза ва ҳавзаҳои №22 Восеъ бо номзадии номзадии муовини аввали раиси вилоят Қурбонбой Каримов ва ҳавзаи интихоботии №52 Панҷ бо номзадии муовини раиси вилоят Абдуҷабор Баҳодуров 23-юми феврал сурат хоҳад гирифт.

Бино ба маълумот аз ҳавзаҳои интихоботӣ, дар муқобили раиси вилоят ва муовинонаш дигар номзаде нест. Аҳзоби сиёсии дигар номзадҳояшонро пешбарӣ накардаанд. Ҳар се номзад аз ҲХДТ пешбарӣ шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.