Баррасии имкони кумак ба ҶТ дар мулоқоти вазири кишоварзӣ бо намояндаи ИА



Санаи 11-уми феврали соли ҷорӣ зимни вохӯрии вазири кишоварзии ҶТ Қосими Роҳбар бо директори намояндагии Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ҷаноби Дирк Меганк масоили ҳамкориҳо дар рушди соҳаи кишоварзӣ баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ, дар вохӯрии мазкур масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба оид ба расонидани кумак ба Тоҷикистон аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дар солҳои 2014-2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ба иттилои манбаъ, зимни суханрони вазири кишоварзӣ Қ.Роҳбар аз ҳамкориҳои дуҷониба ба намояндагии Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ намуда қайд кард, ки саҳми Иттиҳоди Аврупо баҳри рушди соҳаи кишоварзии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва таъмини амнияти озуқавории кишвар назаррас мебошад.

Ҳамзамон зикр гардид, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба бо намояндагии Иттиҳоди Аврупо аз ҷумла дар самти татбиқи барномаи  рушди деҳот, обёрикунии заминҳои кишоварзӣ, касбомӯзии мутахассисони соҳа ва диверсификатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ як қатор корҳои амалӣ ба  анҷом расонида шуд.

Дар ин раванд қайд карда шуд,  ки дар оянда низ баҳри дар амал татбиқ намудани “Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ҳамкориҳои дуҷонибаи самарабахш ба анҷом расонида мешавад. 

spot_imgspot_img

Популярное